مرحباً بك زائرنا الكريم .. لك حرية الإستفادة والنشر
Иқтибос аз китобӣ «ШИНОХТ ВА МАҚОМИ САҲОБА (Р) ДАР ИСЛОМ» Мардуми мусалмони тоҷик аз ҳамон ибтидои пазириши Ислом пайрави аҳли суннат ва ҷамъоат буда, дилҳои эшон дар тўли таърихи наздик ба якуним ҳазор сол аз муҳаббати саҳобагони Расули акрам (с) ва дигар бузургони садри Ислом лабрез мебошад. Онҳо дар муҳаббати асҳоб ва ёрони Паёмбар (с) аз ифроту тафрит дурӣ намуда, дар шинохти фазлу азамат ва ҷойгоҳи рафеъи эшон равиши эътидолро дар пеш гирифтаанд. Инак, назари чанд тан аз шахсиятҳои барҷаста ва ходимони намоёни динро дар бораи мақом ва ҷойгоҳи саҳобагони Расули акрам (с) ва бузургони садри Ислом манзури хонандагон менамоем. Онҳо бо мутолиъаи назари ин бузургон метавонанд мавқеъи феълии донишмандон ва ҳамин тавр мардуми мусалмони тоҷикро дар бораи бузургон ва пешвоёни садри аввал ба даст оваранд.
Author: Муҳаммадиқболи Садриддин
Ин китоб дар бораи рузаи моҳи рамазон ва ҳукмҳои он мебошад, ки муаллифи ин китоб аз баъзе оятҳо ва ҳадисҳои Паёмбари ислом истифода бурда он ҳукмҳое ки ҳар як рузадор эҳтиёҷ ба он дорад баён мекунад, Хдованд мефармояд: "Рўзаи (моҳи Рамазон) бар шумо фарз гардонида шуд, ҳамон гуна, ки бар гузаш- тагони пеш аз шумо фарз гардида буд, то ба василаи он тақво (ва худсозй) намоед».
Author: Абдушшариф Боқизода
Маросими ҳаҷ яке аз рукнҳои панҷгонаи дини мубини Ислом буда, тавонмандии (иститоъати) ҷисмӣ ва молӣ шарти вуҷуб ва дуруст гардидани баргузории ин барномаи ибодӣ ва суннати иброҳимӣ мебошад. Бинобар ин, барои шинохти дурусти ҷавҳар ва моҳияти ин рукни бузурги бинои Ислом ва ҳарчи комилтар ба ҷой овардани аъмол ва маносики он китоби ҳозир пешкаши хонандагони азиз мегардад. Дар ин китоб нахуст моҳият, фалсафа, ҷанбаҳои динӣ-иҷтимоъӣ ва давраҳои гуногуни он дар тўли таърих, ҳамчунин ҳаҷҷи Паёмбари Худо (с) баён мешаванд. Сипас, аъмол ва маносики ҳаҷ бо тартиббандии тозае манзури хонанда мегардад. Пас аз он дуъоҳо ва зикрҳои муҳимме, ки дар рафти баргузории маносики ҳаҷ гуфта мешаванд ва ба дунболи он тавсияҳои зарурӣ барои шахси ҳаҷгузор зикр карда мешаванд. Дар охир баъзе истилоҳот, номҳои ҷуғрофӣ ва калимаҳои ноошно шарҳ ва тавзеҳ дода мешаванд.
Author: Абдушшариф Боқизода
Маънои имон овардан ба улуҳияти Худованд: Имон овардан ба улуҳияти Худо Бояд ҳар инсон тасдиқи қатъӣ намояд ба ин ки танҳо Аллоҳ таъоло сазовори ибодат ва парастиши зоҳирӣ ва ботинӣ мебошад; монанди дуъо, хавфу тарс аз Худо, таваккал намудан, мадад хостан, намоз, закот ва рўза. Бино бар ин банда яқин менамояд, ба ин ки фақат Аллоҳ таъоло маъбуди барҳақ ва бе мисли монанд мебошад, чуноне ки Аллоҳи бузург фармуда: (وإلهكم إله واحد لا إله إلا هو الرحمن الرحيم) «Ва Худои шумо якест, нест худое ҷуз Худованди бахшанда ва меҳрубон.»(Бақара-163)
Reveiwers: Билолуддин Бадруддин
Publisher: http://www.firdavsi.com
Аллоҳ таъоло дини мубини Исломро ба воситаи ҳазрати Муҳаммад (саллалоҳу алайҳи ва саллам) баён кардааст,бинобар ин шинохтани он ҳазрат бар тамоми инсонҳо воҷиб аст. Ва саҳобагони киром дини исломро аз забони мубораки Расулуллоҳ пурра омухта онро ба уммати Расулуллоҳ расонидаанд. Ва ин дини муқаддаси ислом ба воситаи саҳобагони киром ба машриқу мағриб паҳн шудааст. Бинобар ин шинохтани саҳобагони киром низ воҷиб аст. Дар ин рисола барои шумо сирати беҳтарин халқи Худо ҳазрати Паёмбарамон Муҳаммад (саллалоҳу алайҳи ва саллам)-ро ва сирати беҳтарин шахсони уммати исломро баён кардам.
Publisher: Сомонаи дафтари таъовуни барои даъват ва роҳнамоии муҳоҷирони кории хориҷи, шаҳри Ҷидда www.jdci.org
Ин китоб қисми аввали аз саргузашти имом Абуҳанифа мебошад. Нависанда дар ин китоб дар бораи нашъунамо ва талаби илму, устодони имом Абуҳанифа суҳбат мекунад.
Author: Мисбоҳиддини Ҳомид
Reveiwers: Амирҳамзаи Ҳомиди Ҳанафи